КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР МАҲАЛ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-  солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаву деҳоти ноҳияи Ёвон бо маром идома дорад.

Ин навбат аз ҷониби шахсони саховатпеша, аъзову фаъолдони ҲХДТ ва саҳми маҳал дар даромадгоҳи деҳаи Анористони  Ҷамоати деҳоти Обшорон дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" дарвозаи замонавӣ бо навиштаҷоти номи деҳа сохта ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки сохтмони дарвозаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъана даромада, то ба имрӯз дар қисми зиёди деҳаҳои ноҳия чунин дарвозаҳо сохта шудааст.