ТАЪМИНИ СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧИРҒЧӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ 35-солагии истиқлолияти давлатӣ вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” дар деҳаи Чироғчии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон хати оби ошомиданӣ кашида мешавад.

Дар амали намудани ин иқдоми хайр соҳибкорон, шахсони саховатпеша, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ ва саҳми сокинони маҳал назаррас мебошад. Бояд гуфт, ки хати оби мазкур аз масофаи зиёда аз 18 километр кашонида шудааст. Пас аз ба итмом расинидани ин ташаббус сокинони деҳаи мазкур метавонанд аз оби тозаи ошомиданӣ истифода намоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ёвон дар амалӣ гардонии ташаббусҳои ҳизбӣ ва татбиқи ҳадафҳои Барновамии ҲХДТ нақши мукаммал ниҳода истодаанд.

Бар ин васила рисолати узви ҳизби созандаю бунёдкорро баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум амалӣ мегардонанд.