ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЯКЕ АЗ НЕЪМАТҲОИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МЕБОШАД.

Ёвон: Андеша  

Таҷлили Рӯзи Ваҳдат чун як санаи сарнавиштсози миллату давлат, сабақи таърихиест, ки наслҳои имрӯзу фардо дар кулвори зеҳну тафаккури худ бояд ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд.

Имрӯз замзамаи Ваҳдат дар қалбу руҳу ҷонҳо бо оҳанги савгандӣ вафодорӣ ба Ватан садо медиҳад. 

Ин ҳадяи таърих ва тақдир буд, ки миллатро аз хатари нестӣ эмин дошт ва имрӯз роҳнамоест сӯи ояндасозиҳою шукуфтанҳо.

Ваҳдат кафили рушду нумӯи кишвар,таҳкимбахши пояҳои  давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни миллат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки мо борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодаем.

Баръакс ҳама ихтилофҳо, набардҳо, нокомиҳо моро ба пирӯзиҳо расондаанд ва охирин санҷиши сарнавиштсоз тавонист нақшаҳои бадхоҳонро ботил созад ва моро ба Ваҳдат орад.

Мо дар назди таърих аз имтиҳони  сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро соҳиб шудаем. Пас ки ва чи боз метавонад моро аз ин Ваҳдат,  аз ин роҳи бесобиқаи фарҳангӣ сулҳ боздорад.

Дигар касе ва чизе намотавонад иродаву матонату шарофату рисолати  ин миллату давлатро бишканад, зеро рoҳи  мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат ба ин ватану миллат аст.

Имрўз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Бемуҳобот дар ин самт мактаби сиёсии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст.

Бо шарофати ваҳдати миллӣ  соҳаҳои  варзишу сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу маданият низ рў ба пешравӣ ниҳодаанд.

Андешаи бунёди дурахшони  Ватан ҳар як Тоҷикистониро водор месозад, ки  дар ҳама гуна ҳолатҳо аз рӯи ақлу хирад, маърифати созанда амал намояд. Мо, ворисони Сомониёнро зарур аст, ки занҷири шўҳрати наслҳоро мустаҳкам кунем, дар заминаи меросӣ фарҳангии гузаштагон бояд насли нави бунёдкорро тарбия намоем.

Ба андешаи банда, баҳри сулҳу субот, инкишофи ҷомеа, пойдории давлат, якдилии ҳама зинаҳои ҷомеа, дӯстӣ, рафоқат, муҳаббати самимӣ бо ҳамдигар дасту дили тоза доштан яке аз шартҳои  муҳимтарин маҳсуб меёбад. 

Ободию осудагии Ватан ва зиндагии арзандаи мардум ба меҳнати софдилона ва пурсамари ҳар яки мову шумо вобаста аст.

Зиндаву ҷовид бод он ном ва корнамоиҳои фарзандони асилӣ фардои  миллати тоҷик ва сиёсати пешгирифтаи абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ  Раҳмон.

Расулов Ғолиб-мудири шуъбаи таблиғот

ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон