АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ КАРДА МЕШАВАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини шароити мусоид барои соҳиб илм гардидани хонандагон, дар ноҳияи Ёвон тадбирҳои муассиру саривақти андешида шуда, маври амал қарор гирифта истодааст.

Ин навбат дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Қайнамаи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо ташаббуси шахсони саховатпеша, соҳибкорони ватандӯст, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ сохтумони 8 адад синфхонаҳои иловагӣ роҳандозӣ гардидааст.

Мавриди истифода қарор додани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи соли таҳсили 2022-2023 банақша гирифта шуда, пас аз итмом расидан толибилмон метавонанд дар соли нави хониш аз он васеъ истифода намоянд.

Бо раҳандозии ташаббуси мазкур ва мавриди истифода қарор гирифтни синфхонаҳои нав камбудии ҷои нишаст дар муассисаи мазкур бартараф карда мешавад.

Дар ин радиф таълимгирандагони МТМУ №3-и ноҳияро зарур аст, ки дар азбар намудани донишҳои замонӣ муоссир ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда масъулияти шахсӣ эҳсос намоянд.