БУНЁДИ ДАРВОЗАҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАҲАЛҲО.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-  солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаву деҳоти ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат аз ҷониби шахсони саховатпеша, аъзову фаъолдони ҲХДТ ва саҳми маҳал дар даромадгоҳи деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" дарвозаи замонавӣ бо навиштаҷоти номи деҳа сохта ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки сокинони шарафманди деҳаи мазкур дар пайрави аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат корҳои созандагию бунёдкориро дар маҳал вусъат бахшида, дар гул гулшукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми намоён мегузоранд.