БУНЁДИ ИСТГОҲИ ЗАМОНАВӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азиз ба ифтихори ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон низ бо мақсади истиқбол аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза  корҳои таблиғотию ташфиқотиро миёни аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар сатҳи маҳал бо роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  ба роҳ мемонанд. Дар доираи  Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  дар шоҳроҳи маҳаллаи Калфи Сабад барои истироҳати шаҳрвандон истгоҳи замонавӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор  сохта ба истифода дода шудааст.  Ҳизбиёни ноҳия иқдоми маҳаллаи мазкурро шоиста арзёбӣ намуда, давоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.