БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар сатҳи деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде пайдо намуда, дар доираи он аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, соҳибкорону шахсони хайрхоҳ корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшида истодаанд.

Дар доираи Аксияи мазкур дар назди МТМУ № 56 -и ноҳияи Ёвон  5 синфхонаҳои иловагӣ тариқи ҳашар  бо саҳми маҳал бунёд гардида истодааст. Омӯзгорон тасмим доранд, ки бо дастгирии кумитаи маҳал синфхонаҳои мазкурро то соли хониши 2022-2023 сохта ба истифода диҳанд. 

Дар ҷараёни ташаббусҳои ободгароӣ намояндаи Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ёров Худойдод аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ № 56 дидан намуда, ба иқдоми омӯзгорони муассиса, ки аъзоёни ҲХДТ мебошанд баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро боиси пайравӣ  арзёбӣ намуд.