СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар сатҳи деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде пайдо намуда истодааст. Дар доираи ин ташаббусҳои созандагӣ аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, соҳибкорону шахсони хайрхоҳ корҳои созандагию бунёдкориро дар ҳама зинаҳо тақвият бахшида истодаанд.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 -и ноҳияи Ёвон сохтмони 8 синфхонаҳои иловагӣ идома ёфта, омӯзгорони муассисаи мазкур тариқи ҳашар дар бунёди синфхонаҳои нав саҳми худро гузошта истодаанд.   

Тибқи иттилоъ омӯзгорон тасмим доранд, ки бо дастгирии кумитаи маҳал то соли хониши 2022-2023 синфхонаҳои иловагиро ба истифода диҳанд. Дар рӯзҳои идомаи корҳои сохтмонӣ намояндаи Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ёров Худойдод аз рафти сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ № 20 дидан намуда, ба иқдоми омӯзгорони муассиса, ки аъзоёни ҲХДТ мебошанд баҳои баланд дод.