ГУЗАРОНИДАНИ МАШҒУЛИЯТҲО ОИДИ ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон:  

 Дар доираи нақша-чорабиниҳои муштарак дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳияи Ёвон, оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2024» ва такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳия машғулиятҳо оиди пешгирии ҳолатҳои фавқулода доир карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳо оиди пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби масъулин ва хонандагони муассисаи таълимии мазкур бо омодабошии хуб, дар сатҳи лозима ва бо риояи талаботҳо ва қоидаҳо зарурӣ гузаронида шуд.