БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИН ДАР ЁВОН

Ёвон:  

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, аз ҷумла раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ва бо дастгириҳои соҳибкорони муваффақи ноҳия ва деҳаи Дастгирак бо мақсади арҷ гузоштан ба яке аз мусобиқаҳои варзишии ниёгон гӯштини миллӣ санаи 18 апрели соли равон дар деҳаи Дастгираки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов мусобиқаи варзиши аз намуди гуштини миллӣ баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, муовини раиси ноҳия иштирок ва суханрони намуда, ба ҳамаи паҳлавонони ҳузурдошта иқболу музаффарият таманно намуданд.

 

Бояд ёдовар шавем, ки дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ва берун аз хориҷи кишвар аз ҷумла аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.