ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА"

Ёвон:  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва гурӯҳи корӣ бо усули “Хона ба хона” дар байни сокинони деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти ба нмои Гулсара Юсуфова вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва гурӯҳҳои корӣ доир ба мавзуҳои муҳими рӯз аз қабили ободу зебо гардонидани ҷои манзили зист, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Бо оилаҳо оид ба манфиати сафарбар намудани фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,камхарҷ баргузор намудани тӯю маъракаҳо,захираи дусолаи маводи ғизоӣ,ба ҷои ҳаҷҷи дубораву себора ба одобкориву созандагӣ даст задан,аз қабили таъмири пулҳо, сохтмони боғчаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.