БУНЁДКОРӢ АМАЛИ ШОИСТА АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқбол аз  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми маҳал ва соҳибкорони ноҳия дар кучаи А. Ҷомӣ Ҷамоати Шаҳраки Ёвон  роҳи миёни кӯчаҳои мазкур  зиёда аз 400 метр битонпуш карда шуд. Дар ин рӯз аҳолии деҳа дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дар кори хайру эҳсонкорӣ иштирок намуданд. Зимни суҳбат бо аҳолии деҳаи мазкур муайян гардид, ки аҳолии деҳа аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда,  корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи “ҲХДТ - Ҳизби созандаву бунёдкор”  доимо роҳандозӣ менамоянд.

 Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари мазкур иштирок намуда, амали созандаи онҳоро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.