ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАВОНОН”

Ёвон:  

Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аъзоҳои фаъоли ҲХДТ дар ободонии маркази ноҳия фаъолона ширкат варзида, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Санаи 20-уми апрели соли 2024 аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон”, "Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия"шанбегии дастаҷамъона доир намуданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи бинои Ҷамоати Шаҳраки ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи биноро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд.