ИШТИРОКИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР АКСИЯИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Ёвон: Созандагони ватан  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи кории ТҶҶ”Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, санаи 20-уми апрели соли 2024 бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва волонтёрони ҳизбӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

      Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба сӯи саодат оварда, шароити созгор ва имкониятҳои муосирро барои насли ҷавони кишвар фароҳам овардааст ва мо ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат бояд баҳри ободии кишвар саҳмгузор бошем.