ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Ёвон: Вокуниш  

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз 28.12.2023 дар ҳамаи самтҳои муҳими  мамлакат ибрози ақида намуда, аз ҷумлу таъкид доштанд, ки  дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳоли, ҳушёриву зиракии  сиёсӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм инфортгароӣ ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо  тақвият додан лозим меояд ва пеш аз ҳама диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани терроризму ифротгароӣ, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳарактҳои террористиву эктремистӣ равона карда мешавад, бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  омили муҳими пешрафти дар роҳи мубориза ба ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.   Ба пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд,  ин ба он равона карда шудааст, ки вазъи сиёсии сайёра дар солҳои охир мураккаб гашта истодааст. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми ватан таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа  бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ мансабҳои роҳбарикунанда ва ғайраҳо зиёд шуда истодааст. Пешвои миллат мақоми зан –модарро дар ҷомеа баланд бардошта, меҳнати онҳоро қадр менамояд. Зан –модар қудрат дорад роҳи ҷангу вайрониҳоро пешгирӣ намояд, мубориза барои сулҳу амонии кишварамон, дар бунёдкориву созандагӣ саҳми арзанда гузорад.  Дар шароити ҷаҳони  пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки мо ҷавонони  замони истиқлолият фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва  бадхоҳони миллати тоҷик нагардем , ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиятҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон ҳамеша омода бошем. Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарбахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, терроризм, инфротгароӣ мебошад шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё  ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.  Дар ин мазмун мо мураббиён ва кормандони муассисаи томактабии  рақами 13- ноҳияи Ёвон низ чун дигар муассисаҳои таълимии кишварамон дар пайрави дастуру ҳидоятҳои Президенти Кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   кору фаъолият намуда,  кӯшиш ба харҷ медиҳем , ки сатҳи сифати донишу маърифати зеҳнии кӯдаконро баланд бардошта онҳоро ба моҳияти воқеъии истиқлолияту озодӣ соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, содиқ будан ба Ватан –модарӣ худ, зодгоҳи худ ва оилаи худ равона созем, чунки тарбияи ақлонӣ ва зеҳнӣ, маърифати баланди кудак  дар оянда барои бартараф кардани ҳамаи мушкилот  ва бахуссус садди  аввали  мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилӣ терроризм ва инфротгароӣ сабаб мегардад.

Пас ҳамаи мо фаъолони ҷомеа амалҳои номатлубро маҳкум намуда, бар зидди онҳо муборизаи беамон хоҳем бурд.

Шодиев Давлат-Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон