ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Ёвон:  

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ва ҳайати ҳакамон рӯзи 17 апрели соли 2024 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Озмун аз рӯи панҷ номинатсия баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 35 - сола иштирок намуданд, аз 70 нафар довталабони иштирокчӣ 58 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таъмини ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон роҳандозӣ шуда, шаш сол боз идома дорад.