ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дили фитодаеро шод кардан ва хурсанд кардани ятимон худ кори хайру савоб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ятимону маъюбонро дастгириву пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳеҷ гоҳ ба нимароҳ намегузоранд ва то ба воя расидан ва соҳибмаълумот гардидан кумаки худро дареғ намедоранд.

Дар партави сиёсати инсондӯстонаву эҳсонкоронаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор нафар маъюбони ноҳия тариқи нафақаи ҳизбӣ дастрас гардиданд.

Нафақаи мазкур аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба маъюбон тақдим карда шуд. Маъюбони ноҳия иқдоми ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат арзёбӣ намуданд.