БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ.

Ёвон: Андеша  

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапӣ дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим “Коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда  ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубоиза ба коррупсия мебошад. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи “Коррупсия” аз калимаи лотинӣ, ки ба маъноҳои “харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ” фаҳмида мешавад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст:
   “Коррупсия- кирдоре (ҳаракат ё беҳарактие ), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ, ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуа бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиатҳои худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои мудию ғайримудӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд. Инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”

Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Инчунин, дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза ба коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин суистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсии аз тарафи шахси мансабдор аст.

Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятнокӣ сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Коррупсия суистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст. Коррупсия ин кирдоре мебошад, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиатҳои худ ё имкониятҳои онҳо бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбинишуда инчунин ба ин шахсон ваъда дода, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ҳуқуқӣ истифода мебаранд.

Коррупсия ба амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифода аз воситаҳои ахбор, ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия метавонад ҳамчунин ба амалисозии ҳуқуқи дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ таъсири ҷиддӣ расонид. Чунин баробариро фурухташавандагии ходимони алоҳидаи масъули қабулу ба вазифаҳои болоӣ тавсия кардани қадрҳо, аз ҷониби шахсони обрӯманд, хешутаборӣ ва ҷӯраю ошнобозӣ метавонад вайрон кунанд.

Дар асрҳои миёна мафҳуми коррупсия боз ҳам васеътар паҳн мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилаии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таълифи пешниҳодкардаи конгреси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Кирдорҳое, ки дар онҳо ҳатто аз аломатҳои нишондодашуда нестанд, коррупсия маҳсуб намешаванд. Моҳияти коррупсияро дар муқоиса бо дигар зуҳуроти монанд ё умумӣ, ки ба онҳо аз ҷумла гирифтани пораро мансуб медонанд, беҳтар муайян кардан мумкин аст. Коррупсия суистифода аз салоҳиятҳои мансабӣ буда, ҳадаф аз он гирифтани фоидаи шахсӣ мебошад. Порагирӣ бошад, танҳо як навъи шакли гуногуни коррупсия аст.  Пора-аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ба воситаи миёнаварҳо гирифтани пора дар шакли пул, коғазҳои қиматнок, амвол ё фоидаи дорои характери амволӣ дошта барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ агар чунин ҳаракат ба доираи хидматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат мусоидат карда метавонад ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат.

Бояд тазаккур дод, ки   мубориза бо коррупсия амали дастаҷмъона аст. Агар мо онро пешгирӣ накунем, давлатдорӣ суст мегардад. Мо бояд тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Коррупсияро аз байн бардорем ва Тоҷикисонро аз ин амал пок намоем. Коррупсия дар роҳи амалисозии ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатии ҳокимият метавонад монеаҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оварад. Ин монеаҳо дар дастнорасии шахсони мансабдор барои шаҳрвандон, пешигирии ба шахсони мансабдор расидани муроҷиатҳои хаттӣ, аз рӯйи муроҷиатҳо қабул кардани қарорҳои беасосу ғайриқонунӣ, таъқиби шаҳрвандон ба сабаби муроҷиати ӯ ба мақомоти давлатӣ ё дар муроҷиат мавҷуд будани танқид ва ғайра ифода мегарданд.

 

Шодиев Давлат- сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон