КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Ёвон:  

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат зимни вохурӣ бо фаъолони ва намояндагони ходимони дини кишвар маншаъ мегирад, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро бо усули "Хона ба хона” оғоз намуданд.Вобаста ба ин аз ҳисоби намояндагони сохторҳои идеологӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ёвон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар Ҷамоати Шаҳраки Ёвон ба ҳар як оила дастуру супоришҳои Пешвои миллат расонида шуд. Гуфта шуд, ки бо шукрона аз фазои амну осудаи кишвар дар таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тую маросимҳо, ҳидояти фарзандон ба хизмати ҳарбӣ, риояи либоспӯшии миллӣ, ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамчун шаҳрвандони намунаи ибрат фаъол бошанд.