БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАВОНӢ-1”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Ҷавонӣ-1”-и деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои деҳа, саҳми арзандаи худро гузоштанд.