ИДОМАИ АКСИЯИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “САРГАҲ”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “ Саргаҳи”-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилотҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ташкилот саҳми арзандаи худро гузоштанд.