БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОБШОРОН”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Обшорон”-и Ҷамоати деҳоти Обшорон дар ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилотҳо, шоҳроҳҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ташкилот саҳми арзандаи худро гузоштанд.