КОРРУПСИЯРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Ёвон: Андеша  

 Бадтарин амал ин ришваситонӣ мебошад. Маънои калимаи “Коррупсия” ришва, муфтхӯрӣ, порахӯрӣ мебошад, ки на танҳо ба шахси муфтхӯр, балки ба тамоми ҷомеа зарари бениҳоят зиёд мерасонад. Имрӯзҳо бештари одамон аз меҳнати ҳалоле, ки бо ранҷу азоб ба даст меояд, неву бо амали бади ришваситонӣ маблағ ба даст меоранд. Ин амали ахмақонаи баъзе нафарон аст, ки аз бесаводию гумроҳиашон ин корро мекунанд. Корррупсияро бояд маҳкум кард. Пеши роҳи ин гуна одамонро бояд гирифт ва одамонро бо дониш мебояд шинохт. Одамоне, ки ришвахӯранд, беадолатанд корашон беҷавоб намемонад ва подоши амали худро медиҳанд. Ба назари одами донишманду хирадманд ин маблағ беарзиш аст. Ҳар меҳнату ганҷе, ки бе ранҷ ба даст омадааст, мисли шамол аст, фоидае  надорад, меояду меравад ва ин ганҷ ба одам муяссар намегардад.

          Амалҳои коррупсионӣ  қариб дар ҳамаи ҷойҳо ба назар мерасанд ва бояд инро маҳкум кард. Хушбахтона, имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистони азизу маҳбуби мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои паст намудани сатҳо коррупсия мубориза бурда истодааст ва нисбати он диққати махсус медиҳад. Ин амалро тибқи қонун маҳкум намудаанд ва нафаре, ки ба ин гуна амал даст мезанад, ба ҷазои давлатӣ гирифтор мешавад. Фаъолияти давлат дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар шароити ҳозира ба самти мустақили сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва мунтазам амалисозии чорабиниҳои давлатӣ оид ба решакан намудани коррупсия ва паҳншавии он мусоидат мекунад. Имрӯзҳо барои нест кардани коррупсия як қатор чорабиниҳо гузаронида мешавад. Агар мо хоҳем, ки пеши роҳи коррупсияро гирем, бояд ин корҳоро анҷом диҳем:          

     Банақшагирии чорабиниҳои зиддиамали коррупсия,такмили қонунгузории миллӣ ва амал кардан ба қонун, бунёди адолат,  низоми пурсамар ва шаффоф, ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои назорати пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тақсимот ва сарфи муайяни маблағҳои буҷет, таъмини шаффофияти қабули қарорҳо, ҷалби аҳли ҷомеа ба амалҳои зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионии ашхоси мансабдор, шаҳрвандон, насли наврас ва ҷавонон, хабар додан ба мақомотҳои давлатӣ оид ба нафаре, ки амали коррупсионӣ мекунад ва пешгирии он.

      Барномаи давлатии мубориза бар зидди коррупсияро бояд ҳар як фарди ҷомеа омӯзад. Ин қонун ва барномабандиҳои давлатӣ имконият медиҳад, ки самтҳои асосии пешгирии коррупсия, мундариҷаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, манбаъҳои маблағгузорӣ ва механизмҳои назорати амалисозии барнома муайян карда шаванд. Агар мо хоҳем, ки коррупсияро нест кунем бояд ҷомеаи шаҳрвандиро ба амалҳои зиддикоррупсионӣ ҷалб намоем ва барномаҳои зиддикоррупсионии давлатиро амалӣ гардонем.

      Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад ва коррупсия намегузорад, ки маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда равона гарданд. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва пояи ахлоқро зарба мезанад.

      Назорат ба амалисозии барномаҳои давлатӣ ба зиммаи мақомоти давлатӣ вогузор мешавад. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани амалиёти ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ бо мақсади арзёбии самаранокии фаъолияти зиддикоррупсионии онҳо мувофиқи мақсад аст.

     Бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баргузор намудани вохӯриву ҷамъомадҳо бо кормандони касбу кори гуногун, ёфт мешаванд, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд ва бо ин роҳ соҳиби маблағҳои муфт гардидан мехоҳанд, ҳол он ки мақому манзалати худро дар ҷомеа аз даст дода, беобрӯ ва радди маърака мегарданд.

     Бештар гардидани амалҳои коррупсионӣ метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешигирифтаи он ба амал оварда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудратӣ омадани шахсони тасодуфӣ заминаи асосиро гузорад.

      Хулосаи ман чунин аст, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист ва нест кардани он амали дастаҷамъонаро талаб менамояд ва садди роҳи ин амалро нагирифтан боиси заиф ва тараққӣ накардани давлат ва коста гардидани обрӯйи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки суханҳои оид ба коррупсия гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани сатҳи коррупсия дар кишвар ва давра ба давра аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем ва Ватани азизамон-Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем. Мубориза бар зидди он дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки ба ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ аст. Мақсади ниҳоии ман ин аст, ки барои нест кардани коррупсия бояд ҳар яки мо хизмат намоем ва саҳми худро гузорем, барои мубориза бар зидди он арзишҳои демократиро устувор намоем, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва пешгирӣ кардани паёмадҳои номатлуби онро ба ҷо орем.

Мирзоев Эраҷ-мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон