ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОАТИ СИЁСӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Инак, Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар сиёсати маорифпарваронаи худ иқдоми дигарро пеша намудааст, ки тайи ду моҳ мешавад дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон   амалӣ гардида истодааст.  Иқдоми мазкур «Соати сиёсӣ» ном гирифтааст, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ баргузор мегардад. Баргузории «Соати сиёсӣ» дар як муддати кӯтоҳ ҳамовозии зиёд пайдо карда, ин навбат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7- и ноҳияи Ёвон «Соати сиёсӣ» дар як фазои воқеан сиёсӣ ва сатҳи баланди кордонӣ баргузор гардид.