“ТОҶИКИСТОН, ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ”

Ёвон: Андеша  

 Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, пешрафту шукуфоии кишвари азизамон, бо хурсандиву хушҳолии зиёд дар зери таассуроти неки таҷлили ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро қарор доранд.

Таманнои онро дорем, ки  соли нави аҷдодӣ ба сокинони сарбаланди  кишвари азизамон сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии Ватан доранд, комёбиҳои беназир оварда бошад.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои  миллат,  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ба  мардуми  тоҷик  имконияти  фаррох  ба  миён  овард,  ки  таърих,  маданият,  фарҳанг,  анъанаҳои  миллии  ин  кишвари    соҳибтамаддунро  аз  нав  зинда  гардонад.

Дар ин  радиф  эҳё  гардидани  ҷашнҳои  таърихии  аҷдодонамон  Меҳргон, Сада  ва  ҷаҳонишавии  Наврӯзи  Аҷам  падидаи  неки  худшиносӣ  ва  худогоҳии  миллӣ  барои  миллати  тоҷик  аст.

Ҳамчунин  нашри  китоби Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,   Пешвои  миллат,  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам, Эмомалӣ  Раҳмон  “Наврӯз-шиносномаи   миллат”  бори  дигар  мо  ҳизбиёнро водор  менамояд,  ки  ба  фарҳангу  маданияти  аҷдодии  хеш   боз ҳам ифтихорманд бошем.

Наврӯзи Аҷам, ки  бо қудуми  файзбахши  худ замину  замонро  ҷилои  хуррамӣ  мебахшад, баъд  аз  соҳибистиқлол  гардидани   Тоҷикистон    аз  ҳабси  солҳои  дароз, аз   паси пардаҳои  зулмот  раҳоӣ ёфт, аз  ҷашни  мардумӣ то  ба  ҷашни  давлатӣ  ва  аз  ҷашни  давлатӣ  ниҳоят  ба  ҷашни  ҷаҳонӣ  табдил  ёфт.

Наврӯз иди куҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намуд.

Санаи 25-уми марти соли равон дар маҷмааи майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” баргузор гардид,

Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  як  баромади  худ  хирадмандона  гуфта  буданд: “Наврӯз, ки  иди қадимии  ниёгони  соҳибфазилати  мо-тоҷикон ба шумор меравад, имрӯз  дар мустаҳкам  намудани  дӯстиву  ваҳдати  тоҷикон  ва ғояи  миллӣ нақши  муҳим  мебозад”. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар суханронияшон бори дигар аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки падару модарон бояд ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, нагузоранд, ки фарзандон ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд.

Дар чорабинии бошукуҳи “Корвони шодӣ” тамоми суннатҳои миллии ҷашни байналмиллалии  Наврӯз инъикос гардид ва аз Наврӯзҳои солҳои гузашта хеле фарқкунанда буд, ки ин нишона аз салиқаи баланди фарҳангиён ва Пешвои фарҳангпарвари миллати соҳибтамаддуни тоҷикон аст.

Чӣ тавре, ки Президенти мамлакат, раиси муаззами ҲХДТ таъкид доштанд “Ҳар рӯзатон Наврӯз бошад”.

Фарзона Темурзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон