ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НОРИН

Ёвон:  

30 март дар толори Ҷамоати деҳоти Норин, вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамоати деҳоти Норин  баргузор гардид.

   Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Амирзода Мақсуд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азимзода Толибхон, масъулини ҷамоати деҳоти Норин, раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ҷамоати мазкур иштирок намуданд.

   Қайд карданд, ки мақсади вохӯрӣ расонидани мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш  9 марти соли 2024 бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз гардида  мебошад.

   Дар раванди суҳбат бо фаъолони ҷамоати мазкур намояндагони мардумӣ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилотҳои сиёсии сайёра, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз суханрони намуданд.