СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА НИЗОМИ НАВИ ДАҲБАЛА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ёвон:  

Кишварҳои пешрафтаи дунё ва мамлакатҳое, ки дар ҳоли рушданд, пешрафти худро аз хониш, омӯзиш ва дониш медонанд, ки Тоҷикистон низ дар ин саф аст. Дар даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад. Акнун фурсате беназир ба мо даст додааст, то дар самти мустаҳкам кардани тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз – мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем. Бо мақсади ба низоми даҳбала гузаштани муассисаҳои таълими ва ҳамқадами замон будан, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 аз тарафи шахсони масъул байни омӯзгорон  семинари омӯзиши баргузор карда шуд.