МО - ҶАВОНОН АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Ёвон: Вокуниш  

Душманону  нотавонбинони миллати мо, дар қолабҳои шахсиву гурӯҳи ҳар лаҳзаву ҳар лаҳза хар дақиқа мисли “Хамелион” рӯ зада аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон  ва дурӯғафканӣ рақсида, бо мақсади ғасби хокимияти қонуни мехоханд ва ба шуури созандаи мардум хусусан ҷавонони саодатманди ин милати куханбунёд ки пайравони асилу воқеии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад латма ва доғ ворид кунанд ва бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст. Касе ба суханони пучу бемаънӣ ва бебунёди онҳо гӯш намедиҳанд ва агар диҳад ҳам мисли тамошои мазҳакаи навбатии гурӯҳи ҳаҷвӣ ва ё зери номи Хоинони миллат назар меандозанду як дамаке аз ин сузиши пур аз манфиатхоҳии шахсии хоинон бохабар мегардад.Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои колабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд.

Ҳар шахсе ва шахсияте ки иродаи солим дорад ба ҳар тарзе зери шуури худ суолеро ба миён меорад ки оё рӯзе мешуда бошад ки ин гуруҳчаҳои бо ном мухолифин ва зери пардаи наҳзат паноҳ бурда аз андешаҳои нигилистии худ даст кашанду афкори солимро пеша карда ба ҷои он ки дассисаҷуи кунанд ба фикру андешаи ифтихори миллӣ афтида дар буёди Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибистиқлол ҳисагузорӣ кунанд...Худо медонаду иродаи нотавобинонаи онҳо!

  Такрор ҳам шавад, ин ҷо ёдоварӣ муҳим аст, ки воқеан ҳам, имрӯзҳо бо ном мухолифони ватан, ки зери чатри хоҷагонашон бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштсоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби саёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони Ватан аз ин туҳфаи Офаридагор фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд.

   Мо- ҷавонони зодаи Ёвон чун ҳама ҷавонин кишвар, дар фазои амну осоишта кору фаъолият намуда, аз ба ном “андеша”, “афкор”, “ақида”, “хулоса”, “таҳлил”  ва “изҳорот”-и  нопоки  ташкилоти  ифротии “Паймони  миллӣ” ва  андеҳаҳои муғризони роҳбари ТЭТ- Ҳизби наҳзати ислом Кабирӣ ва ҳама думравонашро, ки дар шабакаҳои  иҷтимоӣ паҳн шудаанд, шадидан маҳкум мекунем.

Хушбахтона, имрӯз ҳама сокинони мамлакат, ҳар як фарди худогоҳу меҳанпараст хуб дарк мекунад, ки ҳадафи ин гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар васила сиёҳ кардану бад гуфтан мебошад, ҳамон гуна, ки қалби  худашон ба мислоли ангиште, ки мо ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебарем, торик аст.   Пас,хулоса кардан дуруст аст, ки арзиши онҳо низ ҳамин миқдор аст...

  Миллати тоқик дар гузаштаи таърихии пурфоҷиаву ибратомӯзи худ борҳо ба рӯзгори ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори  шикастҳои бузурги давлатдорӣ гаштааст.Гузаштагони мо ин шикастҳоро паси сар намуда, марзу буми худро дубора обод сохтаанд. Ва ин рисолатро мо- ҷавонон, имрӯз ҳамчун номуси миллӣ дар бағал дорем!

  Мо- Созандагони Ватан, давомдиҳандагони пайкори некӣ гузаштагон ва созандагони имрӯзи Тоҷикистон, эҳсос менамоем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, бо чӣ натиҷаҳо ба анҷом расид. Кӣ аз он зарар дид, барои кӣ манфиат овард буд,  мардум инро хуб дарк намудаанд. Ин ҳодисаҳои нангин дар таърихи Тоҷикистон абадӣ ва бо хатҳои сиёҳ сабт гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон қадамҳои устувори худро дар роҳи рушди босуръати иқтисодӣ, саноатикунонӣ, таъмини истиқлолияти  энергетикӣ гузошта истодааст.  Дар ин масири нек вазифаи дигари мо – ҷавонони саодатманд ҳамқадам будан ба  раванди тозаву ҷадиди  асири нав ва рушди миллӣ яъне сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои асри 21 ва тоҷикони ҷаҳон, Сарвари хирадманду адолатхоҳамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будан аст!   

  Сахтори Конситутсияи мо мушаххас кардааст, ки Тоҷикистон  мақсади бунёди давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва ҷомеъаи тарақи кардаи шаҳрвандиро дорад, тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Саравари некбину дурандеш ва созандаву бунёдкораш ба он равона гардидааст ва тамоми кӯшишу ғайрати он кас аввалан барои  баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ ва баъдан баланд бардоштани обрӯву  нуфузи давлатамон дар арсаи  байналмилалӣ бо роҳандозӣ намудани ташаббусҳои бузургу беназири умумиллӣ ва муҳими глабалӣ равона шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас то ин замон амалӣ гардидааст. 

Файзов Умед-аъзои фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Ёвон