ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДАҲАНА

Ёвон:  

Санаи 28-уми марти соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Амирзода Мақсуд,  муовини раиси ҷамоати деҳоти Даҳана ва фаъолони ҷамоати мазкур иштирок доштанд.

Вакили мазкур Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динро  шарҳу тавзеҳ доданд.

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.