БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВНОИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР!" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ имрӯз аз ҷониби ташиклоти ибтидоии “маорифчиён” дар ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилот, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ташкилот саҳми арзандаи худро гузоштанд.