КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соли 2026 мардуми сарбаланду бофарҳангу созандаи тоҷик ҷашни барои миллати тоҷик  35 -солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд. Бо мақсади истиқбол аз ин санаи фархуна дар тамоми гушаву канори ноҳия корҳои созандагӣ бо маром идома доранд. Ҷонибдорону аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Обшорон”  дар деҳаи Қирғизободи,  Ҷамоати деҳоти Обшорон дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созанаву бунёдкор!”  корҳои созандагиро бо маром ба роҳ монда, дар доираи иқдоми созандагӣ бо ифтихори худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ҳамчун муаррифгари маҳалдорӣ сохтани Купрук дар деҳаи Қирғизобод пайвастани роҳи деҳаи мазкур бо деҳаи Даштобод барои хонандагони мактаб бунёд намуда истодаанд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар рафти корҳои созандагии маҳалла иштирок намуда, иқдоми созандаи онҳоро шоиста ва бамаврид арзёбӣ намуданд.