ЛИБОСИ МИЛЛӢ-МУАРИФГАРИ ЗАНИ ТОҶИК

Ёвон: Андеша  

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.  Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин бешубҳа сабаб дорад.

Либоси миллӣ дар баробари забону фарҳанг аз рукнҳои асосии ҳастии миллат маҳсуб мешавад. Либоси миллӣ низ дар шебу фарози таърих борҳо дар вартаи нобудшавӣ қарор гирифтааст. Аммо эҳсоси баланди худшиносии бонувони тоҷик зебогиву шинамии либоси тоҷикиро то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Мутаассифона, имрӯз тақлиди бархе аз занону духтарон ба фарҳангу либоси бегона метавонад ба рушди фарҳангу либоси миллӣ монеа эҷод намояд. Аз ин рӯ, ҷиҳати баробари замон рушд ёфтани либоси миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешидан тақозои замон аст. Яъне имрӯз шаклу намуди либоси миллӣ хеле тағйир ёфта, тарроҳон ва чеварони либосҳои миллӣ бо тарзу усулҳои наву замонавӣ чакану атласро ба либоси ақрабои гузаштаамон қаробат дода медӯзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳояшон мутасаддиёни соҳаи фарҳанг ва мақомоти дахлдорро дастур медиҳанд, ки пеши роҳи тақлидкорӣ ва зуҳуроти бегонапарастӣ гирифта шавад. Дар иртибот ба чунин роҳнамоии Сарвари давлатамон дар фарҳанги либоспӯшии бонувон дигаргуниҳо ва навгониҳо эҳсос мегардад.

Дар либоси миллии ҳар миллат тахайюл, тафаккур ва табиати он сарзамин инъикос гардидааст. Дар либоси миллии мо низ рангорангии табиати зебои Тоҷикистон, иффат, шарму ҳаёи зебандаи бонувони тоҷик тасвир ёфтааст. Дар осорхонаҳо садсолаҳо инҷониб либосҳои ниёгонамон маҳфуз аст. Остини дароз бо саростин, гиребони баланд, докаи сафед ё рӯсарии аз ҳиҷоб дида қулайтар маънои риоя шудани сатрро мефаҳмонад. Аз омӯзиши ин либосҳо дорои фарҳанги баланд, одоби ҳамида ва ҷаҳонбинии васеъ будани аҷдодонамон баръало аён мегардад.

Аммо имрӯз бархе дар мафкураашон тарзи либоспӯшии шарқиёнаву ғарбиёнаро ҷой дода, куртаҳои дароздомони туркӣ, домони тангу кӯтоҳи дарздор, ҳариру нимурён ё чодари сиёҳи сар то пой печонидашуда ба бар менамоянд.

Кӯркӯрона пайравӣ ё тақлид кардан ба либоси бегона, бешак, ба пастравии фарҳанги миллӣ оварда мерасонад.

Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон дар хориҷи кишвар нагарданд

Раҳмонова Маҳбуба, мудири Шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон