САНГФАРШ НАМУДАНИ РОҲ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси навбатии  мардуми деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи гулсара Юсуфова таъмиру азнавсозии роҳи  деҳаи мазкур аст, ки бо як дилгармӣ ва дастаҷамъона ба ҳашар баромада, баҳри истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои дохилии деҳаро дар масофаи  зиёда аз 1 киллометр роҳи миёни деҳарро сенгфарш намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди деҳаи Қамбарӣ иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Мардуми деҳаи мазкур ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, яъне деҳаи худ ҳамеша саҳмгузор ҳастанд. Ҳамин ташаббускории онҳо ҳаст, ки имрӯз кӯчаҳои деҳа чароғон гардида, деҳа ҳамчун рамзи  меҳр ба диёру маҳал доштан насб гардидааст. Чунин иқдомҳои созандагӣ боз ҳам дар деҳаи мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Қамбарӣ идома дорад.