ВОЛОНТЁРОНИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛИЁТИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ФАЪОЛАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар охири моҳ бо ташаббуси ҳизбиён Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" доир карда мешавад. Ин навбат дар 12 оромгоҳҳои ноҳия  Рӯзи ёдоварӣ баргузор гардид.  Боис ба ёдоварист, ки аъзои фаъоли ҳизбӣ, хосса волонтёрони  назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нощияи Ёвон дар ин Амалиёти мазкур фаъолона ширкат варзида, ҳамчун рамзи эҳтиром ба гузаштагон гирду атрофи оромгооҳоро тоза карданд. Дар ноҳияи Ёвон 66 адад оромгоҳ мавҷуд аст, ки ҳизбиёни ноҳия зина ба зина дар ҳама оромгоҳҳо Амалиёти муштараки умуминоҳиявӣ таҳти унвони "Рӯзи ёдоварӣ"-ро гузаронида истодаанд.