ОРОМГОҲ МАКОНИ ҶАМЪИЯТӢ АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" дар ноҳияи Ёвон  ин навбат як қатор ҷавонон ва  волонтёрони ҳизбӣ тасмим гирифтанд, ки барои тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳи маҳалаи Сарқамиши  Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова воқеъ мебошад, сафар намоянд. Дар ин амали нек ҷавонони зиёде иштирок намуда, дар баргузории амалиёти мазкур саҳми худро гузоштанд. Дар рафти баргузории ҳашари умумӣ, инчунин намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо ҷавонон дохил ва атрофи оромгоҳ аз алафҳои бегона тоза карда шуд.