БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВИИ НАВРӮЗӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ МАОРИФЧЁН ВА ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ ЁВОН.

Ёвон:  

Санаи 18 марти соли 2024 дар деҳаи Бустони ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова аз ҷониби маорифчиёни ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи Гулсара Юсупова, Обшорон ва Ситораи Сурх  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо риояи тамоми рукнҳои хоси Наврӯзӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур, дотсент-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидзода Далер Муҳибулло, муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёхат, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Файзализода Эмомалӣ иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи Наврӯзии омӯзгорон ва сокинони ҷамоатҳои деҳот дидан намуда, ба ҳунари катбонугию ҳунармандии бонувон ва риояи расму оинҳои неки Наврӯзӣ баҳои баланд доданд. Сипас муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Саёхат-муовини раиси ноҳия аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамаи омӯзгорон ва сокинону иштирокдоронро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбошу таҳният намуданд.

Дар қисмати дигари чорабинии мазкур аз ҷониби дастаи ҳаваскорони соҳаи маориф ва ҷамоатҳои деҳот барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.