СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 12

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 майи соли равон дар саҳни  МТМУ № 12 «Соати сиёсӣ»  бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар «Соати сиёсӣ» ба ҳайси омӯзгор, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон Буриев Муҳамаддовуд ва намояндаи шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  иштирок намуда, дар мавзуъи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир  дарс гузаштанд. Хонандагони муассиса иқдоми мазкур ва дар фазои озод баргузор намудани соати сиёсиро бо хушнудӣ пазируфта, барои худ ғизои маънавӣ гирифтанд.