ФАРХУНДА БОД, НАВРӮЗ ДАР ФАЗОИ ТОҶИКИСТОН

Ёвон: Андеша  

Мужда диҳед, эй дӯстон, мужда, ки  баҳори  нозанин  бо  худ  Наврӯзи дилафрӯзро овардааст. Наврӯз зеботарин, волотарин, гаронбаҳотарин, муқаддастарин  ва  бузургтарин  шиносномаест, ки дар он садои  қалби  ҳар  як  тоҷик  инъикос ёфтааст, Наврӯзе, ки бо худ рӯзи нав, зиндагии  навро  меорад, Наврӯзе, ки  гузаштаро  ба  имрӯза  ва  имрӯзаро  ба  оянда  мепайвандад.

Дар  байни  қавми  ориёӣ  Наврӯз  низ  дар  баробари  Меҳргону  Сада  ва  дигар  идҳо  зеботарин  ва  муқаддастарин  ҷашн  маҳсуб  меёбад.  Наврӯз  ҷашни  куҳани  бостонӣ  ва  ҷашни  фархундаи  фарвардӣ буда,  эҳёгари  табиат  ва  паёмовори   ваҳдату  муҳаббат,  покию  садоқат  ва зебоию  нафосат  мебошад.  Наврӯз,   ки  бо номҳои  зиёде  иди  Наврӯз,  иди  соли  нав,  иди  сари  сол,  ҷашни  фарвардӣ,   ҷашни  баҳор,  ҷашни   баҳорӣ,  Наврӯзи  Ҷамшедӣ,  Наврӯзи  Султонӣ  ва  Наврӯзи  Ҷалолӣ  машҳур  аст, муҳимтарин  ва  дилработарин  ҷашни  миллии  мардуми  ориёӣ  ба  шумор  меравад.

Наврӯз  ҳамчун  ойини  кӯҳан  инъикоскунандаи  таърихи  маданияту  расму  русум  ва оинҳои  халқӣ  аст.  Наврӯз  мисли  пулест  таърихи  гузаштаю  имрӯза  ва  ояндаро  ба  ҳам  мепайвандад.  Гарчанде,  ки  борҳо   дучори таъқиб  гашта  бошад  ва  бори  дигар  Наврўзро  метавон  пайвандгари  наслҳо    халқҳо   ва  фарҳангҳо  унвон  кард.  Наврӯз  волотарин  ва  бузургтарин  шиносномаест,  ки дар  он садои  ҳар  як  тоҷик  ва  тоҷикистонӣ  инъикос   ёфтааст.

Ҳамон  рӯзу  ҳамон  вақт,  ки  офтоб  ба  кунҷи  ҳамал  ворид  мешавад,  ба  рӯзи  аввали  моҳи  ҳамал  баробар   аст  он  рӯзро рӯзи  нав,   яъне  Наврӯз  хонданд

                                Ибтидои ҳамал Наврӯз  аст,

                                 Ёд  дораш, ки  сиву як рӯ аст.

 

Абдураҳмони  Берунӣ бошад, дар асари хеш чунин  гуфтааст:

Чун  Ҷамшед  барои  худ  тахт  бисохт,  дар  ин  рӯз  дар  он  саор  шуд  ва  як  рӯз ба Бобул омад  ва  мардум барои дидани ин амр дар  шигифт   шуданд  ва  ин  рӯзро  рӯзи  нав хонданд. Дастаи  дигар аз Эрониён “Ҷамшед дар  шаҳрҳо  зиёд гашт менамуд ва чун хост дар Озорбойҷон  дохил  шавад  дар  бар  сарири  аъзам  нишаст ва  мардум  бар  души  худ  он тахтро  мебурданд  ва  чун  пардаи  офтоб  бар  он  тахт  битобид  ва  мардум  инро  дидан  ва  ин  рӯзро  ид  гирифтанд”

Наврӯз бо расидани худ тамоми мавҷудоти дар зимистон хобрафтаи табиатро ба ҳаракат меорад, ҳавои сарди дилгирро гарму дилкаш, олами наботиву умедворист, ки аз касеву аз чизе неъматҳои худро дареғ намедорад.

            Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба Замин донаи умед мекорад, хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва ҷалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар вуҷудамон эҳсоси самими некӯкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду дили пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Бо умеди тинҷию оромии Тоҷикистони азиз, ҷашни Наврӯзи Меҳанро ба тамоми сокинони ин кишвари ҳамешабаҳор хуҷаставу фархунда мегӯем.

Назурова Суман-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон