ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИ ДАР БОҒЧАИ “ОРИЁНА” БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ёвон:  

Ҷашни Наврӯзи фархундапай дар  боғчаи “Ориёна”-и ноҳия, бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуд. Ҷамъи устодону шогирдон ва наврсони боғча бо рӯҳияи идона ба идгоҳ омада ин ҷашни миллии тоҷиконро истиқбол намуданд.

Дар чорабинии мазкур масъулини Кумита иштирок намуда, ҳозиринро муовини раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия Темурзода Фарзона аз номи ҳизбиёни ноҳия, муборакбод намуданд. Пешниҳоди намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии либосҳои миллӣ ба тантанаҳо зиннати хоса бахшид. Ҳамчунин барномаи пурмӯҳтавои омоданамудаи муҳассилини муассиса, ки муҳтавои тараннуми Навруз, истиқлоли Ватан ва суннатҳои хосаи ниёгон буданд, табъи иштирокдоронро болида гардонид.