СОКИНОН ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ БАРОИ ОБОДОНИИ ДЕҲАИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил карда мешавад дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ёвон кушиш намуда истодаанд, ки дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ пешсаф бошанд. Ин навбат сокинони  саодатманди деҳаи Меҳнатободи  Ҷамоати деҳоти Ситораи  Сурх тасмим гирифтанд то дар пешрафти ватани азизамон саҳми худро гузоранд.

Бо ин мақсад бо саҳми сокинони деҳа ва ҷавонони ватнадӯсти маҳал роҳи деҳа дар масофаи 3 км пурра сангфарш карда мешавад. Ин иқдом дар доираи аксияи ҳизбии Якҷоя месозем роҳандози карда шуда, ҳамчунин дигар корҳои созандаги дар деҳаи мазкур идома дорад. Дар ҳашари мазкур муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Темурзода Фарзона иштирок намуда, ин иқдоми гирифтаи саҳми маҳал идомаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар шуморида, ба аъзоёни ташкилот изҳори сипос намуданд.