СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №56-И НОҲИЯ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия санаи 16 марти   соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56–и ноҳияи Ёвон соати сиёсӣ баргузор гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои зерин доир карда шуда, дар назди хозирин омӯзгорони пуртаҷриба баромад намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиса, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи дар соҳаи маориф суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.