ҶАШНИ НАВРӮЗ МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК.

Ёвон: Андеша  

Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишварамон, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо эҳёи анъана , расму оин ва суннатҳои миллиамон равона шудаст, ҳама идҳои аҷдодию миллӣ , аз ҷумла Наврӯзи дилафрӯз дар сартосари Тоҷикистони маҳбубамон ва дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз  иди  миллии  Тоҷикон  аст.  Наврўз  дар аввали соли нав  21 март,  яъне  дар  вақти  баробаршавии  шабу  рӯз аз қадим  ҷашн  гирифта мешавад. Наврӯзро иди баҳор, иди бобои деҳқон мегуянд. Барои пешвоз гирифтани Иди Наврӯз занону духтарон хонаҳоро рўбу чин намуда, зарфҳоро тоза менамоянд ва барои Иди Наврӯз барои  сабзонидани  суманак  дар рўйи  дастурхон дар як  зарф гундум  тоза намуда  мегузоранд. Дастурхони Нарўзиро бо маваю самбўсаҳои  алафин, ширу суманак, ширбиринҷу шакароб, қаратобу оши бурида  фатиру  нону  кулча оро медиҳанд.  Аз ҳафт навъи  дарахти  мевадиҳанда  ҳафт  шохча бурида,  руйи  дастурхони идона мегузоранд, ки дар ин соли  нави  пешомада  файзу баракати  меваҳо зиёд шавад ва дастурхони ҳафтшину ҳафтсин оро медиҳанд.

Дар Иди Наврӯз  мардум  ҳама либосҳои нави идона  пушида, хурдани таоми соли  навро аз шири навдушида сар мекунанд. Хурду калон ҳама ҷамъ омада  оташ  афрӯхта аз болои оташ мепаранд,  яъне   гуноҳони  худро  имсол  пок  менамоянд ва соли навро бо нияти нек ва бо  дили соф оғоз менамоянд. Ҷавонон ва кӯдакон  дар ин шабу  рӯз  маросими «Гулгардонӣ»-ро мегурзаронанд, яъне ҳангоми ба даст гирифтани  гули  аввалин  «Ту барин зебою беғам шавам, ба солу моҳҳои бисёр расем» гуфта,  орзу мекунанд ва хона ба хона мегардонанд,  соҳиби хона низ барои ин гули аввалин ба онҳо ҳадя дода дуои хайр медиҳад. 

Бо омадани Наврӯз мардумон ба хонаи хешу табор ва дўстонашон рафта, ҳамдигарро ба омадани баҳор табрик  менамоянд.

Занону бонувон дар болои оташдон  суманаки Наврўзӣ  пухта, дар  гирди  деги суманак доира навохта,  суруд хонда рақс  мекунанд.

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Дар гириди деги суманаки Наврӯзӣ яке аз занони рӯзгордида ба духтарони  ҷавон  мефармояд, ки  ба деги  суманак  ҳафт  чормағз  партояд ва ҳафт нияти нек намуда, ҳафт маротиба деги суманакро бо кафгир  кобад. Дар  тарафи  дигар духтарон ба кашидани усма  ва бофтани муйҳояшон, ҷой рафтан дар арғамчин  шурӯъ  менамоянд.

Хулоса  ҷашн гирифтани  иди Наврӯзро ҳар  нафар  кушиш  менамояд, ки бо  дили  хушу чеҳраи кушод пешвоз гирад. Дар Иди Наврўз ба ҳамагон  сиҳатмандию болидарӯҳӣ, хушрӯзгориву хонаободӣ ва барори  кору баракати зиндагиро орзу мекунам. Наврўзи имсоларо  бо файзу баракати хеш рўзгори ободу зиндагии осоишта  бароятон  насиб гардонад!

Иди Нарӯз муборак!

 

Гурезова М., мудири бахши омори Кумитаи ҷроияи  ХХДТ дар ноҳияи Ёвон