ҶАВОНОН ДАР АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДОШТАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои амалиёти Рӯзи ёдоварӣ дар ноҳияи Ёвон  ин навбат як қатор ҷавонон ва  волонтёрони ҳизбӣ тасмим гирифтанд, ки барои тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳи пайравони дини Насронӣ, ки дар деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова воқеъ мебошад, сафар намоянд. Дар ин амали нек ҷавонони зиёде иштирок намуда, дар баргузории амалиёти мазкур саҳми худро гузоштанд.

Дар рафти баргузории ҳашари умумӣ, инчунин намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо ҷавонон дохил ва атрофи оромгоҳ аз алафҳои бегона тоза карда шуд.