ХОНИШИ СИЁСӢ: ҶАВОНОН ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

 

     Имрӯз тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хониши сиёсӣ байни ҷавонони синну соли аз 17-18 баргузор гардид.

 

      Дар вохӯрӣ аз тарафи масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа бо ҷавонон суханронӣ карда шуд.

     Инчунин дар вохӯри оиди пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, ҷангҳои гурӯҳӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷалобӣ ва оворагардӣ суханронӣ карда шуд.