АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Ёвон: Созандагони ватан  

 Ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 15-уми марти соли 2024 бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан” тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳашари дастачамъона ташкил намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии дохил ва гирду атрофи ноҳия, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу буттаҳо саҳми босазои худро гузоранд.