ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ - МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГИИ ХАЛҚ

Ёвон: Андеша  

(Оид ба Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин)

Баромади пурмуҳтавои Раиси муаззами ҲХДТ дар оғози моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин барои ҳар як сокини мамлакат,  мактаби бузурги тарбия мебошад, зеро зимни баромад, Президенти мамлакат чун олими тавоно ба ҳама ҷиҳатҳои дурусти дини мубини Ислом ишора намуда, мардуми кишварро ба роҳи ҳақ, ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ даъват намуданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “Моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад”. Ҳар сухани ин Абармард, худ дарси ҳаёт, сабақи зиндагӣ аст.

Фаромӯш набояд кард, ки барои ҷамъияти ояндаи Тоҷикистон баробари ашхоси фикру ҷисми солимдошта, дорои дунёи пурғановати маънавӣ, эҳсоси баланди ватандӯстию худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, созандаю эҷодкор   шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқидошта низ заруранд ва дар тарбияи онҳо оила ва ҷомеа мақоми ҳалкунанда бозида метавонад.  Барои он, ки фарзандони мо дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия ёбад, аввалан бояд аз ғановати миллати сарбаланди тоҷик бояд бохабар бошанд.         

Хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар зинда нигоҳ доштани номи мутафаккирони бузурги роҳи таълиму тарбия хеле зиёд аст. Маҳз бо саъю талошҳои ҳамарӯзаи ин шахсияти фарҳангӣ ҷашнҳои “700- солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ” , “Соли бузургдошти Имоми Аъзам”, “800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ва чандин дигар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ҷашн гирифта шуд, ки оламиёнро бори дигар ба фарҳангу маданияти миллати тоҷик ошно сохт, доир ба ин масъала Президенти мамлакат дар суханронии навбатиашон, қайд карданд, ки “Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид”

Пешвои миллат таъкид доштанд: “Баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”.

Имрӯз дар Ватани азизамон сулҳ ва ваҳдати комил ҳукмфармост, аҳли ҷомеа, махсусан намояндагони динро зарур аст, бо дарки амиқи милливу ватандорӣ, шукргузорӣ аз даврони истиқлол, ҳама якдилу якҷон дар паҳлӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи тарбияи наслҳои ҷавон, дар роҳи ростиву накӯкорӣ бошем, дар қалби мардум номи поки Тоқикистонро ҷо намуда, бо ин васила номбардори кишвари азизамон гардем.

Меҳроҷи Абдулҳаким, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон