ҲАЗАР АЗ ТЕРРОРИЗМ

Ёвон: Вокуниш  

Агар ба таърихи инсоният дурустар назар афканем, мебинем, ки дар тӯли таърих як қавм бо қавми дигар, як миллат бо милати дигар, як давлат  бо давлати аз вай камқувваттар дар мубориза будаву он сабаби харобаҳои зиёд, нобудшавии ҳазорҳо ва милионҳо одамон,  аз байн рафтани давлату миллатҳо гардидааст. Яъне аз пайдоиши олам то ин дам қувваҳои ба ҳам зид дар муборизаҳои шадид буданду ҳастанд. Вале дусад сол зиёдтар аз ин пеш дар қисмати Аврупоии сайёра як падидаи бисёр номатлуб бо номи терроризм арзи ҳастӣ намуд. Мақсаду ниятҳои нопоки ин қувва, пеш аз ҳама  низоъандозӣ миёни халқу миллатҳои алоҳида буда, расидан ба парешониву ҳамдигарбадбинии қавму миллатҳои гуногун ба хотири манфиатҳои шахсии онҳо аст. Фарқ миёни қувваҳои аҳримание, ки дар дунё то имрӯз арзӣ вуҷуд кардаанд аз терроризм дар он аст, ки агар қувваҳои зишткорро одамкуши дигар рўйрост амал кунанд, терроризм пинҳонӣ ва бо роҳҳои бисёр номуълум амал мекунанд. Масалан, чунон ки аз васоити ахбори омма маълум мегардад, бисёр шудааст, ки онҳо амалҳои ноҷавонмардонаи худро пинҳонӣ ё ба таври шабохун амалӣ месозанд. 

Асри  21, ки айни ҳол мо зиндагонӣ дорем, бисёр пуртазод аст, ин аср замонест, ки давлатҳои абарқудрат дар андешаи азнавтақсимкунии сайёра афтодаанду баъзан онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд давлатҳои аз  ҷиҳати иқтисодӣ пасмондаро  мушти худ созанд. Дар пиёда намудани ин ниятҳои онҳо гуруҳҳои террористиву экстремистӣ нақши муайяне мебозанд. Аз ин рӯ бисёр давлатҳои абарқудрати номаълум маблағгузории ин гуруҳоро ба зимма гирифтаанду маблағгузорӣ ҳам мекунанд. Барои мисол ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кайҳо ҳамчун ҳизби террористӣ маҳкум гаштаасту фаъолияташ мамнуъ. Вале баъзе аъзои ин ҳизб  ва махсусан саркардагони  он чун Муҳиддин Кабирӣ ба қавле аз асп фуромада бошанд ҳам, пой аз узангу гирифтанӣ нестанд. Онҳо имрӯз бо ҳар роҳу восита бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд осудагиву сулҳу суботи мардуми Тоҷикистонро халалдор созанд. Ҳарчанд кӯшишҳои пайвастаи онҳо бе натиҷа анҷом меёбад, вале ҳар як фарди солимақлро зарур аст, ки ҳар лаҳза оиди масъалаи мабориза зидди терроризм, алалхусус, аъзои ҲНИТ сари  андеша бошад ва бо ҳар роҳу восита зидди онҳо маборизаи беамон барад. Бояд тазаккур дод, ки терроризм ақрабе (каждум) –ро мемонад, ки ҳар лаҳза нияти неш задану заҳр пошиданро дорад. Тавре Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  мефармояд:

                                   Неши ақраб на аз рўйи кин аст,

                                   Тақозои табиаташ чунин  аст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки террористон баҳри расидан ба ниятҳои ғаразноку нопоки худ аз ягон роҳу восита рӯ намегардонанд. Онҳо гоҳ тариқи зурӣ, гоњ тавассути таркишњои нобањангом ва гоњ бо љанги рў ба рў ниятњои нопоки худро амалї месозанд. Вале роњи аз њама хатарнок ва писандидаи онњо он аст., ки террористон сафи худро аз њисоби наврасону љавонони ноогоҳ пур карданӣ  мешаванд. Ин кор ба онҳо баъзан бисёр ба осонӣ ба даст меояд. Зеро имрӯз дар ҷомеа наврасону ҷавононе, ки ба ин ё он чиз ниёз доранду соҳиби дониши мукаммал нестанд, ҳарчанд кам бошанд ҳам дида мешаванд. Гуруҳҳои террористӣ ин гуна ашхосро зуд ба доми фиреби худ афканда, барои расидан ба мақсадҳои худ истифода мебаранд. Ва онҳо дар ин кори сиёҳи худ аз фазои иттилоотӣ хуб истифода мебаранд.

Имрӯз аксари наврасону ҷавонон аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранду ба шабакаи интернетӣ пайвастанд. Ин аст, ки гуруҳҳои террористию экстремистӣ аз ин шабака фаровон истифода бурда, бо ҳамин роҳ тавре қайд кардем, ҷавонону наврасонро моили худу гуруҳҳоии ифротгаро месозанд.

Ҳарчанд кӯшишҳои пайвастаи ин гуруҳҳои тундраво бе натиҷа анҷом меёбад, вале ҳар як фарди солимақлро зарур аст, ки ҳар лаҳза оиди масъалаи мабориза зидди терроризм, алалхусус, аъзои ҲНИТ сари  андеша бошад ва бо ҳар роҳу восита зидди онҳо маборизаи беамон барад.

Амирзода Мақсуд Амир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон