СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 18

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18, ки яке аз муассисаҳои дурдасти ноҳияи Ёвон ба шумор меравад,  соати сиёсӣ бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд. 

Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур, раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана Турахонов Олтибой  пеш бурда,  атрофи   ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста донист.

Дар охир иштирокдорони соати сиёсӣ аз баргузории як соати озоду ошкоро он ҳам дар фазои сулҳу ваҳдат изҳори хушнудӣ намуданд.