НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ЧАШМИ БЕДОРИ МИЛЛАТАНД!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 майи соли равон дар саҳни  МТМУ № 39 «Соати сиёсӣ»  бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид.

Дар «Соати сиёсӣ» ба ҳайси омӯзгор раиси Ҷамоати деҳоти Чоргул Алиев Равшан иштирок намуда, дар мавзуи "Вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир"  дарс гузаштанд. Хонандагони муассиса иқдоми мазкур ва дар фазои озод баргузор намудани соати сиёсиро бо хушнудӣ пазируфта, барои худ ғизои маънавӣ гирифтанд.