РӮ БА СӮЙИ МАКТАБ ИҚДОМИ НАВИН АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯ ба сӯйи мактаб бо баргузории як "Соати сиёсӣ" иқдоми навбатии  Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон аст, ки наврасону ҷавонон бо мақсади дарки сиёсӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстию худшиносӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор мегардад. Бо иштироки раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27 "Соати сиёсӣ" дар мавзуъи "Идиологияи миллӣ ва ҷавонон" баргузор карда шуд, ки дар он хонандагон иштироки фаъолона доштанд.